Шуъбаи аспирантура ва магистратура яке аз
самтҳои муҳими фаъолияти илмии донишкада масуб
ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва
дар роҳи ноил гардидан ба тақвими пойгоҳи илм аз
ҳисоби мутахассисони дохил ва берун аз донишкада
фаъолият менамояд.
Шуъбаи апирантураи донишкадаи куҳӣ-металлургии
Тоҷикистон тибқи фармоиши Вазири Маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 23.10.2013с. №2615 ба донишкадаи
куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳрӣ Чкалов барои
ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимии аспирантура аз
рӯи ихтисосҳои:
02.00.04.- «Химияи физикавӣ»,
05.16.01.- «Металлшиносӣ ва коркарди ҳароратии
металлҳо»,
05.16.02.- «Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир»,
05.16.07.- «Металлургияи захираҳои техногенӣ ва коркарди маротиби дуюм»,
08.00.05.- «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ аз рӯи соҳаҳо ва самтҳои фаъолият, аз ҷумла: иқтисодиёт, ташкил
ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (саноат), иқтисодиёти истифодабарии табиат, илмҳои иқтисодӣ»,
25.00.22.- «Геотехнология (корҳои зеризаминӣ, корҳои кушоди куҳӣ ва сохтмонӣ»,
25.00.13.- «Бойгардонии канданиҳои фоиданок»,
05.14.00.-«Энергетика»
05.01.01.-«Геометрияи муҳандисӣ ва графикаи компутерӣ» ба муҳлати дар иҷозатномаи АУ №0000969 зикр гардида,
иҷозат дода шуд.
Шуъбаи магистратураи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон тибқи фармоиши Вазири Маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 31.11.2015с. № 2395 ба донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳрӣ Чкалов барои ҳуқуқи
пешбурди фаъолияти таълимии магистратура аз рӯи ихтисосҳои:
51.02.01-01-Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок(корҳои кушоди куҳӣ) маблағ 2670 сомонӣ;
36.01.01.Технологияи мошинсозӣ, маблағ 2670 сомонӣ;
42.01.01.-01.04.-Металлургияи металлҳои ранга, маблағ 2670 сомонӣ;
51.02.02.-Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, маблағ 3080 сомонӣ;
43.01.03.-01.-Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ, маблағ 3080 сомонӣ, ба муҳлати дар иҷозатномаи АУ №0000969
зикр гардида, иҷозат дода шуд.
Таҳсил дар магистратура барои мутаҳасис 1 сол, барои бакалавр 2сол.
Аз таъсисёбии шуъбаи аспирантура ва магистратура дар донишкада Сатторова Манзурахон Файзуллоевна,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент мудири шуъба таъин гардидааст.
Бо мақсади қабул ба аспирантура ва магистратураи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон корҳои ташфиқу
тарғиботи бурда шуд, дар маҷалаи «Ҳақиқати Суғд» ва «Согдийская правда» эълон ба чоп баромад.
Тибқи нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар донишкада масъалаи ташкил ва назорати
раванди фаъолияти аспирантону унвонҷўён, иҷрои нақшаҳои илмию инфиродӣ, тасдиқи мавзўъҳои рисолаҳои номзадӣ,
роҳбарии илмӣ, ташкилу назорати дарсҳо ва минимумҳои номзад, самарабахшии раванди сафарҳои илмӣ, рухсатиҳои
эҷодӣ ва ҳамсоли инҳо мавриди таваҷҷўҳи ҳамешагии роҳбарият ва масъулини донишкада қарор дода шудаанд.
Дар шўъбаи аспирантура айни замон 7 нафар аспиранти шўъбаи рўзона ва 2 нафар аспиранти шўъбаи ғоибона
таҳсил доранд.
Ҳолати ҳуҷҷатгузории аспирантон ва унвонҷўён мувофиқи меъёри талаботи Комиссияи олии аттестатсионии
Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Аспирантону унвонҷўён пайваста аз натиҷаҳои илмии хеш дар
семинарҳои илмӣ ва конференсияҳо баромад менамоянд.
Шуъбаи аспирантура барои ташкили чорабиниҳои мухталифи донишкада, конференсияи анъанавии устодону олимони
ҷавон бо олимони ҷавони вилояти Суғд пайваста ҳамкорӣ менамояд.
Дар соли ҷори аз тарафи аспирантон 12 мақола дар маҷалаҳои Ҷумҳурияви ба чоп баромад.
Ҳамаги 6 аспиранти донишкада бо 13 мақола ва доклад дар конференсияи илмӣ- амалӣ баромад доштанд.
Моҳи октябри соли ҷори донишкада меҳмононро аз Федерацияи Русия пешвоз гирифтанд. Донишкада олимони
машҳурро аз донишгоҳи илми татқиқотии техникии шаҳри Иркутск даъват намуданд. Меҳмонон Охотин Анатолий
Леонтьевич-профессор, мудири кафедраи маркшейдери ва геодезия; Данченко Оксана Владимировна- дотсент,
муовини директороид ба таълим дар донишкадаи ИНИТУ. Максади асосии меҳмонон шиносои бо кору машғулияти
ДКМТ буд ва муҳокимаи равияҳои ҳамкори байни ду
донишкадаҳо, ҳамкори дар тайер намудани кадрҳои
илмӣ-педагогӣ дар соҳаи маркшейдерӣ. Охотин
Анатолий Леонтьевич розигии худро барои роҳбари илми
шудан дар кори илмии аспирант Охунов Ш.Р. дод ва
барои гузаштани практика ба донишгоҳи ш. Иркутск
даъват кард.
Ҳамзамон зиёда аз 22 нафар муҳаққиқони ҷавони
донишкада корҳои пажӯишии худро тавассути унвонҷӯи
ба расмият дароварда, аз рўи мавзӯъҳои илмии
тасдиқгардида фаъолият доранд ва аз иҷрои нақшаи
кории худ ба кафедра, шӯъбаи илм ва аспирантура
маълумот дода, дар ҳамкории доимӣ мебошанд.
Дар шўъбаи аспирантураи донишкада унвонҷўёни
донишкада ва донишгоҳои миқёси вилоят низ
шомиланд, ки бо ариза ва иҷозати ректори донишкада ба дарсҳо иштирок намоянд ва имтиҳони минимуми номзадӣ
супоранд.
Қисми илм ва аспирантураи донишкада тибқи қарори ҷаласаи назди ректори донишкада бо мақсади аниқ намудани
вазъи омодасозии кадрҳои илмӣ дар факултетҳо оиди ҳар як аспиранту унвонҷӯ ба таври инфиродӣ санҷиш ба роҳ
монд, ки минбаъд шӯъбаи илм ва аспирантураи донишкада маълумотномаи мушахасро ба раёсати донишкада
пешниҳод хоҳад намуд.
Чиҳати мутамарказонидани нерўҳои зерин дар раванди корҳои пажўиш аз рӯи муаммоҳои мазкур дар донишкада
муттасил чораҳои мушахас андешида шуда, раёсати донишкада кўшиш дорад, ки сафи олимони донишкадаро аз
ҳисоби ҷалби мутахассисон ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвони илм тавассути аспирантура ва унвонҷўӣ зиёд
намояд. Дар ин самт нақши шуъбаи аспирантураи донишкада хеле назаррас мебошад. Аспирантура дар асоси
иҷозатнома фаъолият бурда аз рўи 9 ихтисосҳои равияҳои иқтисод, энергетика, металлургия, химияи физикавӣ,
бойгардонии канданиҳои фоиданок, маркшейдер мутахассисони соҳибунвонро тайёр менамояд.
Раёсати донишкада ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии олимону устодон, махсусан олимони ҷавон тадбирҳои
мушахас андешида, барои самаранок анҷом пазируфтани пажӯишоти илм барои баромадан ба рухсатиҳои илмиву
эҷодӣ, дастгирии молиявии сафарҳои илм ва ҳамсоли инҳо пайваста шароити мусоид фароҳам меоварад.
Қисми илм ва аспирантураи донишкада тасмим гирифт, ки дар соли ҷори аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи якҷояи
солонаи кафедраҳо ва шуъбаи аспирантура нисбати ин гуна аспирантон ва ё унвонҷӯён чораҳои дахлдор андешад. Аз
ин лиҳоз, дар Шӯрои олимони донишкада аттестатсияи аспирантони шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишкада мавриди
баррасӣ қарор гирифт.
Дар соли ҷори то ҳозир 22 адад мавзӯи номзадии унвонҷӯён ба баррасии Шўрои олимони донишгоҳҳои ҶТ
пешниҳод ва тасдик гардидаанд.
Дар соли хониши ҷори шӯъбаи аспирантураи донишкада кабули довталабонро ба аспирантура тибқи иҷозатномаи
Вазорати маорифи Ҷумурии Тоҷикистон аз рӯи итисосҳои:
1. 080005 – Иктисодиёт ва идоракунии хоҷагии халк аз рӯи соҳаҳои он...
2. 02.00.04. – Химияи физикавӣ
ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати мутамарказонидани нерӯҳои зеҳнӣ дар раванди корҳои пажӯҳишӣ раёсати донишкада кӯшиш дорад, ки сафи
олимони ҷавонро аз ҳисоби мутахассисони ҷавон зиёд намояд. Қисми илм ва аспирантураи донишкада тибқи қарори
ҷаласаи назди ректори донишкада бо мақсади аниқ намудани вазъи омодасозии кадрҳои илмӣ дар факултетҳо оиди
ҳар як аспиранту унвонҷӯ ба таври инфиродӣ санҷиш ба роҳ монд, ки минбаъд шӯъбаи илм ва аспирантураи
донишкада маълумотномаи мушаххасро ба раёсати донишкада пешниҳод хоҳад намуд.